Дар ин муддате, ки ба sound effects free download

By jhonkhalik83

0 Downloads

2 days ago

0 seconds

jhonkhalik83 Sound Effects

About Дар ин муддате, ки ба Mp3 Sound Effect

Дар ин муддате, ки ба таҳияи "АВЛОДНОМА"-и Чузӣ ва ҷамъоварии маълумот дар ин самт машғулам, ба се пиразани мармуз мувоҷеҳ гаштам, ки дар муаррифияшон мушкилӣ мекашам... Чунки пиразанони мазкур ҳамчун сардудмон шинохта шуда, шавҳаронашон маҷҳул ва ё зери таъсири нуфузу эътибори онҳо мондаанд... ЯКУМ, Зевармоҳ, ки бо Кампири Зевармоҳ шинохта аст, аз ӯ се духтар ба дунё омадааст. Шавҳарашро касе намедонад. Танҳо як нафар аз наберагонаш ба мо номи шавҳарашро Ҳайбулло гуфт, ки аз ҷониби ҳукумати вақт кулак карда шуда будааст... Як нафар иддао кард, ки Зевармоҳ хоҳари Мулло Касир аст. Аммо набераи Мулло Касир инро рад кард. Лекин афзуд: Падарам (манзур Рашид Осақол аст) агар ягон маърака мекарданд, ба мо амр медоданд ва мегуфтанд: Рафта аммаатонро биёред! Яъне, аз ин чунин хулоса мешавад, ки хоҳараш аст ё ягон хеши наздикаш!... Кампири Зевармоҳ ба Фатҳиддин (1910-1987) ҳамсараш Соро (1923-2006) холааш(!) мешудааст. Боиси омадани Фатҳиддин низ ба Чузӣ холааш Кампири Зевармоҳ шудааст, ки қиссаи он ҷойи дигар аст... Духтари аршади Кампири Зевармоҳ Сунаҳвар модари марҳумон Раҳимов Нурулло (1938-1998) ва Аминов Муҳаммадӣ (1952-2015) аст. Духтари дувумаш Майна ном дошта, ҳамсари Ихтиёр аст аз авлоди Қоригиҳо. Духтари дигараш Қумрӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон шавҳар карда, ҳамон ҷо ба хоби абад рафтааст... ДУВУМ, Кампири Барфист, ки шавҳарашро намешиносем. Танҳо ҳаминро медонем, ки аз сабаби бефарзандӣ фарзанде аз фарзандони Ҳайбулло (1936-2001)-ро бо номи Насиб ба фарзандӣ гирифтааст... Дар мавриди ин пиразан маълумот пайдо карда натавонистем... САВУМ, кампири Шамсия ҳамсари Алиқул аст. Ягон ҳуҷҷати ин пиразанро пайдо карда натавонистем... Танҳо медонем, ки бригадир ва вакили ҷамоатию ноҳиявӣ будааст... Шумо чӣ назар доред? Равонашон аз ҳамаи мо шод бошад🤲🤲🤲 #бузургон #авлод #таърих #حصار #мазор #تاریخ #فارسی #кампир #чузӣ
Дар ин муддате, ки ба Sound Effects Free Download. Sound Effects Downloader To Help You Download The Highest Quality Дар ин муддате, ки ба Sound Effects Free Download For TikTok Videos. You Just Search Sound Effects And Download.

My You Like It